Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нонпазхонаи тоҷикону убаконро дар Петербург бастанд


Дар шаҳри Санкт Петербург дар ноҳияи Невский дар ҷараёни амалиёте кормандони бахши мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии пулиси маҳаллӣ як корхонаи нонпазиро бастанд, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон кор мекарданд. Раёсати пулиси Петербург мегӯяд, ин корхонаи нонпазӣ дар шаротити ғайрибеҳдоштӣ фаъолият мекард ва нонҳои худро дар мағозаҳои хурди шаҳр ба фурӯш мегузошт. Нонпазхона иҷозаи расмии фаъолият надоштааст ва коргарони он дар дохили нонпазхона хобу хез мекардаанд.
XS
SM
MD
LG