Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳузури фаъоли ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар соли 2011 заминаи таҳаввулотро барои оянда фароҳам месозад.

Дар ҳоле, ки таҳлилгарон соли 2011- ро соли навмедии ҷавонон унвон мекунанд, аммо ҳамзамон ҳузури онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қадами муҳим арзёбӣ мешавад.

Ин матлаб зимни баргузории Мизи гирди Маҷаллаи ҷавонии «Ояндасоз» дар студиёи Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе баён гардид.

Бар асоси гузоришҳои расмӣ, 70 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон низ ҷавонон ҳастанд ва пешрафти ҷомеаи кишвар низ ба ин табақа бастагӣ дорад.

Дар ин мизи гирд низ иддае аз ҷавонон, ки миёни онҳо
масъулони давлатӣ, таҳлилгарон, хабарнигорон ва аз истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд, даъват шудаанд ва аз бурду бохти ҷавонон дар соли сипаришаванда сӯҳбат карданд.

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари масоили сиёсӣ гуфт: «Ин сол барои ҷавонон хеле муҳим буд, махсусан бо назардошти ҳаводиси байналмилалӣ. Ҷаҳоне, ки аксаран аз ҷониби калонсолон идора мешавад, назарашро ба ҷавонон ҳамчун як қувваи бузург дигар кард. Тавассути Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев

шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» бо ҷавонони 16 - 17 солае ошно шудам, ки бовар дорам аз худи ман ва аз шахсиятҳое, ки дар парлумону ҳукумат ҳастанд, фарохтару амиқтар назару андеша доранд. Ба ин далел ҳукумат бояд дар соли 2012 ба ҷавонон бештар таваҷҷӯҳ кунад ва аз нерӯи зеҳнии ин қишри ҷомеа истифода барад. Аққалан фикри солими онҳоро ба назар бигирад. Чун ҷамъият дар рушду такомул аст ва имрӯз он ҷамъияте нест, ки даҳ соли пеш буд."

Суоли матраҳ низ ин аст, ки чаро дар дар ҳоли ҳозир ва дар ҳама ҷо шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук» - у «Твиттер» вирди забонҳост? Албатта на ба хотири он, ки аз тариқи ин шабакаҳо тазоҳуротҳо роҳандозӣ шуданд, балки дар воқеъ ин ду шабака машҳуранд. Барои мисол, дар «Фейсбук» 800 ҳазор нафар фаъоланд ва дар як рӯз 500 миллион нафар вориди ин шабака мешаванд. Ба ин маънӣ, ки аз ҷамъияти Амрико ҳам бештар аст. Пас метавон гуфт, ки ин як давлати алоҳида ҳаст. Бинобар ин, дар дохили ин теъдод мардум, намешавад ҳама чиз ҳамвор бошад ва ин гуна беназмиҳо низ ногузир аст. Дар ҳоле, ки тариқи «Фейсбук» - «Твиттер» чӣ қадар корҳои хайр анҷом шуданд, аммо ҳама дар бораи нақши ин шабакаҳо дар инқилобҳо мегӯянд ва аз хубиҳояш фаромӯш мекунанд.

Қиёмиддин Миралиев, корманди Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, «дар соли 2011 ҷавонони Тоҷикистон қадаме ба пеш гузоштанд ва тавонистанд ҳамқадами замон ва ҷомеаи муосир бошанд. Албатта ҳар рӯз теъдоди истифодабарандагони технологияи муосир меафзояд ва ин дар ҷиҳати ошноии бештари ҷавонон ба равнадҳои ҷомеаи муосир асар мегузорад. Бар асоси оморҳои расмӣ, мизони таъмини ҷавонон ба кор дар соли 2011, 9,7 дарсад зиёд шуда ва ва дар баробари ин сафи бекорон низ 11 дарсад афзудааст. Албатта ин аз ҳисоби ҷавонони дорои маъмулоти нопурра аст. Агар ин рақамро ба соли 1991 муқоиса кунем, 100 дарсад фарқият ва ҳамзамон пешравӣ ба мушоҳида мерасад. Ман намедонам, ки чаро соли 2011 - соли карахтии ҷавонон арзёбӣ мешавад?. Аммо, дар ҳақиқат имрӯз карахтии ҷавононро дар интихоби касб дидан мумкин аст. Чун ин тамоюл ба таври равшан эҳсос мешавад. Чун аз ҷавоне, ки дар донишгоҳ таҳсил мекунад ва мақсади дохил шуданашро ба мактаби олӣ пурсон мешавӣ, лол мемонад. Дар ҳоле, ки вай рӯзе ин донишгоҳро хатм мекунад ва соҳиби тахассус мешавад. Аз сӯи дигар ҷавононе ҳастанд, ки дар курси панҷум таҳсил доранд ва аллакай соҳиби кор ҳастанд ва ташкилоту муассисаҳо ба онҳо ниёз доранд.»

Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо, раҳбари маркази сотсиологи «Бозтоб» ба ин назар аст, ки «соли 2011 барои ҷавонон соли хосе маҳсуб мешавад. Чун аз оғози ин сол ҷавонон дар ҷаҳон худро нерӯи асосии таҳаввулгаро ва таҳрикдиҳанда муаррифӣ кардаанд. Манзурам, ҳаводиси дунёи Араб аст, ки аз охири соли 2009 оғоз ёфт ва дар миёнаи соли 2011 ба нуқтаи кулминатсионии худ расид. Дар робита ба Тоҷикистон метавон гуфт, ки ҷавонон як навъ фаъолтар шуданд. Дар ибрози андешаҳои сиёсиву иҷтимоии худ гом бардоштанд ва инро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дидан мумкин аст. Яъне соли 2011 дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷавонон як навъ роҳро ба самти нав боз кард.»

Адҳам Мирсаидов, роҳбари созмони иҷтимоии «Созандагони Ватан» меафзояд, «ҳамчун масъули ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони ватан», ки бо ташаббуси ҷавонони ҲХДТ таъсис ёфтааст, метавонам бигӯям, ки давоми 10 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 8 ҳазор ҷавонони синни то 18 сола ба сафи ин ҳизб пайвастанд. Ин далели фаъол шудани ҷавонон дар ҷомеаи Тоҷикистон аст. Албатта инҳо ҷавононе нестанд, ки чун ҷавонони даҳаи 1990 бидуни таҳлилу арзёбӣ ба ҳизб пайвастанд. Шояд дар ин миён як ё яку ним ҳазор тасодуфӣ узви ҳизб шуда бошанд, инро инкор намекунам, аммо пешравиҳо дар самти маърифати сиёсии ҷавонон зиёд аст».

Орзу Исоев, журналист: «на танҳо соли 2011, балки чанд соле, ки худро ҳамчун ҷавон мешиносам, дар рӯ ба рӯи мушкилоти фаровоне ҳастем. Шумо назаре ба ҳаёти ҷавонон дар маҳалҳо, кунед. Ҳарчанд фарди давлатӣ Орзу Исоев

Орзу Исоев

ҳастанд ва ё дар ниҳоди давлатӣ ё ташкилоти сиёсӣ кор мекунанд, танҳо галстук доранд. Аслан ба умқи сиёсат комилан сарфаҳм намераванд. Се соли охир барои ҷавонони тоҷик хеле мушкилот овард. Дар ин муддат сафи ҷавононе, ки ба муҳоҷират рафтанд, боз ҳам афзоиш ёфт, қатлу куштори онҳо дар ҳиҷрат бештар шуд. Дар ҳоле, ки воқеан ҷавонон воқеан як нерӯянд, мисли канданиҳои фоиданоки кишварамон. Аммо аз онҳо истифода намешавад, чунки технологияи истифодабарияшро надорем. Ба ин далел ҷавононро мешавад ба кӯли «Сарез» ташбеҳ дод, ки агар самаранок истифода бурда тавонем ба нафъи мо аст, агар на, хавфи сар задани он ҳаст, ки метавонад ҳамаро «зеру забар» кунад.»

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари масоили сиёсӣ: «Интизор меравад, ки соли 2012 дар Тоҷикистон таҳаввулоти ҷиддӣ рӯй бидиҳад. Албатта равандҳои ҷаҳонӣ дертар, пас аз 2-3 сол то ба Тоҷикистон мерасад. Бо ин ҳам ҷаҳони имрӯз дар вартаи бӯҳрон аст ва тағйиротро интизор аст. Замони гузариш хеле давраи душвор ва мушкил аст. Умед дорем, ки презиндентамон, ки чанд маротиба дар ҳолатҳои зарурӣ иродаи сиёсӣ зоҳир карда буд, ин дафъа ҳам бо назардошти вазъият ислоҳоти воқеиро дар соли нав раҳандозӣ мекунад ва афроди наздики хешро боз ҳам ҷавонтар месозад.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG