Пайвандҳои дастрасӣ

Турсунов: Русия ба нируи муҳоҷирони корӣ пойбанд мешавад


Муҳаммадҷон Турсунов-намояндаи порламони Узбакистон гуфтааст, Русия беш аз пеш ба нируи муҳоҷирони корӣ пойбанд мешавад. Ба гуфтаи вай, иҷрои барномаҳои рушди иқтисодии Русия бидуни муҳоҷирони кории хориҷӣ иҷро нашуданист. Турсунов гуфтааст, дар 20 соли ахир аҳолии Узбакистон 10 миллион нафар афзоиш ёфтааст, ба ҳамин далел бояд кишвараш ба хориҷ нируи корӣ содир кунад. Вай пешниҳод кардааст, ки Узбакистон бо Русия қонунҳои муҳоҷирати кориро такмил диҳад, зеро муҳоҷирати корӣ ба масъалаи муҳим табдил мешавад. Дар ин бора матбуот хабар додааст.
XS
SM
MD
LG