Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳакимов хостори истиқлоли бештари Тотористон шуд


Рафаил Ҳакимов

Рафаил Ҳакимов

Як узви фаъоли порламон дар шаҳри Қазон гуфтааст, Тотористон бояд аз фазои кунунии сиёсӣ истифода кунад ва истиқлоли ҷумҳурии Тотористонро таҳким бахшад. Рафаил Ҳакимов яке аз пештозони ақидаҳои истиқлолхоҳонаи Тотористон ва мушовири Минтемир Шаймиев-раиси ҷумҳури пешини Тотористон гуфтааст, ҳоло “имкони хубе барои таҳкими истиқлоли ҷумҳурии Тотористон пеш омадааст, зеро дар Русия тазоҳуроти эътирозии густарда идома дорад. Ҳакимов раиси пажуҳишгоҳи таърихи Қазон аст ва дар музокироти Қазон-Маскав роҷеъ ба мақоми ҳуқуқии Тотористон дар таркиби Русия ширкат карда буд. Ахиран вай узви порламони Тотористон интихоб шуд.
XS
SM
MD
LG