Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташи киштии атомии Русия зери назорат даромад


Киштии атомии "Екатеринбург"-и Русия
Киштии атомии "Екатеринбург"-и Русия
Мақомоти расмии Русия мегӯянд, сӯхторе, ки дар дохили як киштии атомии зериобии ин кишвар рух додааст, ҳоло зери контрол дароварда шудааст. Ин сӯхтор 9 соат “ҳукмравоӣ” кардааст. Сергей Шойгу-вазири умури изтирории Русия гуфтааст, хатари оташ дар киштии “Екатеринбург “ замоне бартараф гардид, ки ниме аз он ғарқ шуда буд.Пештар мақомот гуфта буданд, ки аз ин киштӣ ташаъшуъ ё радиатсия хориҷ нашудааст ва бандари Мурманск зарар надидааст. Бино ба хабарҳо, реактори ҳастаии киштии зериобӣ хомӯш карда шудааст ва силоҳҳоро аз ин киштии 167 метрӣ берун бурдаанд. То ҳол баъзе аз маллоҳон дар ин киштӣ боқӣ мондаанд ва ҳароратро дар дохили киштӣ назорат мекунанд.
XS
SM
MD
LG