Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди тоҷикону қирғизҳои деҳаи Андараки Қирғизистон


Дар деҳаи Андараки ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон задурхӯрде миёни қирғизону тоҷикони ин деҳа рух додааст. Хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ аз қавли мақомоти маҳаллӣ овардааст, ки мардони тоҷик се навраси қирғизро дар роҳ ба сӯи мактаб латту кӯб кардаанд. Ба қавли ҳамин манбаъ яке аз мактаббачаҳои қирғиз, ки соли таваллудаш 1995 аст, бо ҷароҳатҳои гуногун ба шифохона интиқол ёфтааст. Ба гуфти хабарнигори Радиои Озодӣ, дар ҳоле, ки мақомот таҳқиқи қаззияро оғоз намуданд, тахминан як ҳазор тоҷик ва 500 қирғизи маҳаллӣ ҷамъ шуданд ва шабона миёни онҳо задухӯрде ба амал омадааст. Дар натиҷа ду манзил сӯхта, ду дукон, як мошин, як нонвойхона ва ду амбор осеб дидааст. Ҳоло Орзубек Бурҳонов-раиси вилояти Ботканд ба минтақаи ноором сафар карда, бо раҳбарони маҳаллӣ машварат дорад. Аксари сокинони деҳаи Андаракро тоҷикон ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG