Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенкоро дар аробача ба зиндони занона бурданд


Тимошенко дар боздоштгоҳи марказӣ (акс аз бойгонӣ)
Тимошенко дар боздоштгоҳи марказӣ (акс аз бойгонӣ)
Бино ба хабари Интерфакс-Украина, Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини ин кишвар аз боздоштгоҳи марказӣ ба зиндони занонаи шаҳри Харков интиқол дода шуд. Ин хабаргузорӣ аз қавли ҳизби Баткившина навиштааст, ки Тимошенкоро соати 5 субҳ дар аробачаи беморон ба зиндони занона бурданд, зеро вай худаш роҳ рафта наметавонист. Тимошенко дар аввалҳои соли ҷорӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Вайро барои суистифода аз мақом ҳангоми нахуствазирӣ муттаҳам медонанд.
XS
SM
MD
LG