Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори нав аз даргириҳои Жаноазен дар YouTube


Бахши қазоқии радиои Озодӣ дар YouTub навореро пайдо кард, ки ба эҳтимоли зиёд 29 декабр гузошта шудаааст. Дар ин навор дида мешавад, ки чӣ тавр дар шаҳри Жаноазен як мард дар ҷараёни задухӯрд бо кормандони пулис парронда мешавад ва марди дигарӣ ҷароҳат мебардорад. Ин задухӯрдҳо 16 декабр рух дода буд. Дар навор ду мард дида мешавад. Яке аз онҳо оғуштаи хун беҳаракат хобидааст ва дигарӣ аз пояш хун меравад ва аз дард худро ба ҳар тараф мезанаду фарёд мекашад. Гурӯҳе аз мадум ба ин ду нафар наздик мешаванд, вале худро зуд ақиб мекашанд. Дар лаҳзаҳои ахири навор кормандони пулис пайдо мешаванд. То ҳол маълум нест, ки ин наворро кӣ дар YouTub гузоштааст. Аз ин майдон пештар ҳам наворҳое ба намоиш даромада буд. Мақомоти расмии Қазоқистон мегӯянд, ки дар даргириҳои рӯзи 16 декабр дар Жаноазен 17 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG