Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони шаҳрдории Душанбе компютер ёд мегиранд


Шаҳрдори Душанбе дар дастуре имзо гузоштааст, ки бар асоси он бояд дафтари шаҳрдорӣ ва ноҳияҳои он дар системаи ягонаи компютерӣ фаъолияти худро ҳамоҳанг кунанд. Барои ин кор бояд шабакаи муштараки компютерӣ ташкил диҳанд. Шавкат Саидов-сухунгӯи шаҳрдорӣ гуфтааст, муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои пойтахт дар давраҳои омӯзишӣ кор бо компютерро ёд мегиранд. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, то соли 2015 ҳамаи кормандони ниҳодҳои давлатӣ бо компютери корӣ таъмин хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG