Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян сиёсаташро тағйир доданӣ нест


Ким Чен Ун дар расми дафни падараш
Ким Чен Ун дар расми дафни падараш
Кореяи шимолӣ дар пайи 11 рӯзи мотам дар марги раҳбараш Ким Чен Ир рӯшан кард, ки тағйири раҳбар сиёсати Пхенянро тағйир намедиҳад. Ким Чен Ун – писари Ким Чен Ир – раҳбари олии ҳизби ҳоким ва нирӯҳои мусаллаҳи Кореяи шимолӣ эълон шуд. Куммиссиюни миллии дифоъи Кореяи шимолӣ имрӯз дар як баёния гуфт, Кореяи ҷанубӣ ва “дигар сиёсатмадорони аҳмақ дар саросари дунё” набояд мунтазири тағйири сиёсати Пхенян бошанд.Ин ниҳод афзуда, ки кишвар дар атрофи раҳбараш Ким Чен Ун аз як гиребон сар мебарорад ва ҳеҷ гоҳ бо “гурӯҳи хоинон” ба раҳбарии раисиҷумҳури Кореяи ҷанубӣ Лӣ Мюнг Пак муомила нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG