Пайвандҳои дастрасӣ

232 миллион доллар фоидаи U2 дар соли 2011


Консерти U2 дар варзишгоҳи Лужникии Маскав (Акс аз бойгонӣ)

Консерти U2 дар варзишгоҳи Лужникии Маскав (Акс аз бойгонӣ)

Гурӯҳи ирландии U2 дар соли 2011 бештар аз ҳар гурӯҳи дигари ҳунарии дунё фоида ба даст овардааст. Фақат сафари ҷаҳониаш ба ҷайби U2 232 миллион доллар сӯд овардааст. Тайи ин сафар ба консертҳои U2 қариб 2,4 миллион чипта фурӯхтаанд, ки ҳар кадомаш ба ҳисоби миёна 97 доллар қимат дошт. Мақоми дуввумро дар сабқати гурӯҳҳои ҳунарӣ гурӯҳи бритониёии Take That бо 224 миллион доллар фоида дар соли 2011 ба даст овард. Гурӯҳи амрикоии Bon Jovi бо 148 миллион доллар ҷои севвумро гирифт. Дар маҷмӯъ 25 гурӯҳи пурмухлистарини дунё имсол 2,1 миллиард доллар сӯд бурдаанд.
XS
SM
MD
LG