Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати мухолифин ба эътирозҳои нав дар Сурия


Мухолифин дар Сурия мардумро имрӯз баъди намози ҷумъа ба эътирозҳои густарда даъват кардаанд. Даъват ба раҳпаймоиҳо дар ҳолест, ки дирӯз, ба гуфтаи фаъолон, аз сӯи нирӯҳои амниятӣ дар Сурия дастикам 25 нафар кушта шуданд. Ин қатлҳо бо вуҷуди ҳузури нозирони Лигаи Араб аст, ки ба хотири назорати раванди иҷрои роҳкори сулҳ ба Сурия омадаанд. Нозирон баъди боздид аз Ҳумс ба Даръову Идлиб ва Ҳамо рафтанд. Ба ҳисоби СММ, тайи 9 моҳи эътирозҳо алайҳи давлати Башор Асад дар Сурия беш аз 5 000 нафар ҷон бохтаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG