Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар киштии зериобии Русияро фурӯ нишондаанд


Киштии зериобии “Екатеринбург”
Киштии зериобии “Екатеринбург”
Мақомоти Русия мегӯянд, сӯхтор дар як киштии ҳастаии зериобиро, ки беш аз 9 соат идома дошт, хунсо кардаанд. Вазири ҳолоти изтирорӣ Сергей Шойгу гуфт, сӯхтор баъди як каме зери об кардани киштии “Екатеринбург” фурӯ нишонда шуд. Мақомот қаблан гуфтанд, ки бар асари ин сониҳа дар пойгоҳи баҳрии воқеъ дар вилояти Мурманск хуруҷи маводи радиоактивӣ сурат нагирифтааст. Ба гуфтаи онҳо, реактори ҳастаии ин нови 167-метриро хомӯш карда, тамоми силоҳҳоро аз дохили киштӣ берун кашидаанд.
XS
SM
MD
LG