Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия иқрор кард, ки 35 ғайринизомиро куштааст


Мақомоти Туркия эътироф карданд, ки 35 қурбонии ҳамлаҳои ҳавоии артиш ғайринизомӣ буданд. Сухангӯи ҳизби ҳокими Адолат ва тавсиъа Ҳусейн Челик гуфт, қурбониён “на террористҳо”, балки қочоқбарони ғизо аз Туркия ба Ироқ будаанд. Ӯ афзуд, мақомот имкони иштибоҳеро, ки ҳамлаҳои ҳавоиро дар пай дошт, таҳқиқ мекунанд.
Мақомот қаблан мегуфтанд, ки ҳавопаймоҳои Туркия дар манотиқи курднишини марзҳои ҷанубушарқии ин кишвар бо Ироқ ҷангиёни эҳтимолиро ҳадаф қарор доданд. Ба гуфтаи низомиҳо, ин ҳамла ба дунболи аз сӯи ҳавопаймои бесарнишин шиносоӣ шудани як гурӯҳи чирикиҳои Ҳизби коргарии Курдистон анҷом шуд.
XS
SM
MD
LG