Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 25 тани дигар дар хушунатҳои Сурия


Ба гуфтаи фаъолон, дирӯз аз сӯи нирӯҳои амниятӣ дар Сурия дастикам 25 нафар кушта шуданд. Ин хушунатҳо дар ҳолест, ки нозирони Лигаи Араб маъмурияти худ ба манзури назорати раванди иҷрои роҳкори сулҳи Сурияро идома медиҳанд. Нозирон баъди боздид аз Ҳумс ба Даръову Идлиб ва Ҳамо рафтанд. Фаъолон мегӯянд, ки куштору хушунатҳои ахиро дар ҳамин манотиқ рух додааст. Ба ҳисоби СММ, тайи 9 моҳи эътирозҳо алайҳи давлати Башор Асад дар Сурия беш аз 5 000 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG