Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Узбакистон 700 $ боҷи талоқ ҷорӣ кардаанд


Ҳар шаҳрванди Узбакистон, ки аз ҳамсараш ҷудо мешавад, 20 маоши ҳадди ақал, ё 1 миллиону 260 ҳазор сӯм боҷи давлатӣ хоҳад супурд. Тибқи қурби расмии Бонки марказии Узбакистон, ин маблағ муодили 700 доллари амрикоист. Эъмоли боҷи ҳангуфти талоқ дар ҳолест, ки соли 2012 дар Узбакистон Соли оилаи мустаҳкам эълон шудааст.
Бовар меравад, ки боҷи ҳангуфт фикри ҷудошавиро аз зеҳни хонаводаҳои аксаран фақири узбак берун кунад. Вале ба назари таҳлилгарон, ин иқдом боиси худдории афрод аз сабти расмии издивоҷи худ дар идороти ЗАГС хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG