Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи қасами Шевчук ва солгарди таъсиси СССР ва СНГ


Евгений Шевчук

Евгений Шевчук

Имрӯз, 30 декабр, дар Тираспол расми адои савганди раисиҷумҳури ҷадиди минтақаи ҷудоихоҳи Приднестровйеи Молдова Евгений Шевчук доир мешавад. 30 декабри соли 1922 Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта буд. 30 декабри соли 1991 дар Минск 12 кишвари Шӯравии собиқ СНГ –Иттиҳоди кишварҳои ҳамсӯдро ташкил доданд. 30 декабри соли 2006 диктатори собиқи Ироқ Саддом Ҳусейнро бо ҳукми додгоҳ ба дор овехтанд. Ва дуруст як сол пеш додгоҳи Русия ҳукми зиндони миллиардер Михаил Ходорковскийро то соли 2017 тамдид кард.
XS
SM
MD
LG