Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Туркия 35 курди осоиштаро кушт


Чархболи артиши Туркия дар наздикиҳои марз бо Ироқ

Чархболи артиши Туркия дар наздикиҳои марз бо Ироқ

Мақомоти Туркия эътироф мекунанд, ки барғалат 35 курди осоиштаро ба ҳалокат расондаанд.
Сухангӯи ҳизби ҳокими Туркия Ҳусейн Челик гуфт, ки қурбониҳо "на террорист", балки қочоқчиён буданд, ки аз Ироқ ба Туркия мол меоварданд.Челик афзуд, ки мансабдорон таҳқиқи ҳодиса ва сабабҳои рӯй додани чунин хаторо оғоз намудаанд.
Ӯ ба наздикони қурбониҳо таъзия баён карда, изҳори умед кард, ки давлат хасороти онҳоро ҷуброн хоҳад кард.
Имрӯз бар асари ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои туркӣ болои манотиқи курднишини ҷанубу шарқи Туркия, воқеъ дар наздикиҳои марзи ин кишвар бо Ироқ камаш 35 нафар кушта шуданд.
Ибтидо низомиёни Туркия таъкид мекарданд, ки гурӯҳи ҷангҷӯёни курдтабор ҳамла болои пойгоҳи артиши Туркия дар ин минтақаро тарҳрезӣ доштанд.
Ҷанубу шарқи Туркия маркази муқовимати Ҳизби коргари Курдистон бар зидди ҳукуматдории туркӣ мебошад. Чандин сол инҷониб дар ин минтақа эътирозҳои курдҳо ва амалиёти нерӯҳои ҳукумати Туркия бар зидди ҷангҷӯён ба вуқӯъ мепайванданд.
XS
SM
MD
LG