Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли шахси муттаҳам бо терроризм дар Қазоқистон


Идораи додситонии шаҳри Алмаато

Идораи додситонии шаҳри Алмаато

Хадамоти матбуоти идораи додситонии кулли Қазоқистон мегӯяд, имрӯз дар шаҳри ҷанубу марказии Қизилӯрда як фарди мутттаҳам бо терроризм ба қатл расид. Дар изҳороти додситонӣ омадааст, ки Эрик Аёзбоеви чилсола-яке аз фаъолони гурӯҳи террористии зери раҳбарии Оқҷон Ҳасен будааст. Ба навиштаи додситонӣ Аёзбоев афсарони амниятиро ҳадафи тир қарор дод, вале дар табодули оташ ба қатл расид. Ҳасен бошад, 3-уми декабр бо як пайрави дигараш дар деҳаи Боралдаи вилояти Алмаатои Қазоқистон кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG