Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди нозирон аз шаҳрҳои Сурия идома дорад


 Ҳайати нозирони Ҷомеа(Лига)-и кишварҳои араб дар Ҳумси Сурия

Ҳайати нозирони Ҷомеа(Лига)-и кишварҳои араб дар Ҳумси Сурия

Имрӯз нозирони кишварҳои узви Ҷомеа (Лига)-и кишварҳои араб аз се шаҳри дигари Сурия: Даръо, Ҳамо ва Идлиб зиёрат мекунанд. Дар тӯли нуҳ моҳи гузашта шаҳрҳои ёдшуда шоҳиди эътирозҳои дастаҷамъӣ бар зидди ҳукмронии президент Башор ал-Асад шудаанд. Ҳафтаи равон ин гурӯҳи нозирон аз шаҳри Ҳумс низ боздид намуда буд, вале дар он ҷо хушунат ҳамоно идома дорад ва ҳатто бештар ҳам шудааст.
Раиси гурӯҳи нозирон генерали судонӣ Мустафо ад-Дабӣ баъди зиёрати Ҳумс гуфт, ки ӯ ҳеҷ саҳнаи барангезандаи хавфу тарс надидааст. Аммо шоҳидони хушнатҳои ахир мегӯянд, Ҳумс тӯли ҳафтаҳо зери муҳосира буда, қабл аз вуруди нозирон оташборон шуда буд.
Хонум Соазиг Долет мудири бахши минтақавии созмони Хабарнигорони бидуни марз мегӯяд, мансабдорони сурӣ нозиронро фиреб дода, фаъолияти онҳоро ба масхара табдил медиҳанд:
Онҳо дар назди нозирони ҷомеаи араб саҳнасозӣ мекунанд
СММ тахмин мекунад, ки аз дар давоми нуҳ моҳи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Сурия то 5000 нафар ба ҳалокат расидааст.
XS
SM
MD
LG