Пайвандҳои дастрасӣ

Кобул розӣ. Намояндагии Толибон дар Қатар боз мешавад


Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон

Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон

Афғонистон ба пешниҳоди Амрико барои боз кардани намояндагии ҷунбиши “Толибон” дар Қатар розӣ шуд.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, гуфт, тарҷеҳ медод, ки дафтари Толибон дар Туркия ва ё Арабистони Саудӣ боз шавад, аммо агар Иёлоти Муттаҳида ба эҷоди ин дафтар дар Қатар бартарӣ медиҳад, пас, ӯ ҳам мухолифат надорад.

Раисиҷумҳури Афғонистон дар робита ба тағйири мавқеи кишвараш гуфтааст, ки ин тасмим бо талоши расидан ба оштии миллӣ гирифта шудааст. Толибон ҳанӯз хабарро шарҳ надодаанд.

Чанде пеш Кобул ба нишони эътироз аз он ки мавзӯи боз кардани намояндагии “Толибон” аз сӯи Амрикову Олмон бидуни ширкати Афғонистон баррасӣ мешавад, сафири худро аз Қатар бозхонда буд.

Таъсиси дафтари Толибон роҳе ба оғози музокироти сулҳи Афғонистон шумурда мешавад. Дар сурати ифтитоҳи ин дафтар ҷунбиши Толибон аввалин бор пас аз барканорияш аз ҳукумати Афғонистон дар соли 2001 соҳиби намояндагии расмӣ дар як кишвари хориҷӣ хоҳад шуд.

Ҳукумати Карзай қаблан дар ҳамоиши Бонн аз ҷомеаи байнулмилалӣ хоста буд, ки раванди мусолиҳа бо мухолифони мусаллаҳ, аз ҷумла Толибонро бояд худи афғонҳо раҳбарӣ кунанд. Эмин Файзӣ, сухангӯи раисиҷумҳур, дар яке аз мусоҳибаҳояш дар остонаи нишасти Бонн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Афғонистон мухолифи ҳар навъ музокиротест, ки бе раҳбарии ин кишвар сурат гирад.

Амрико ва қудратҳои ғарбӣ ҷӯёи роҳи ҳалли сиёсӣ барои поён додан ба ҷанги пурхарҷи Афғонистон ва омодагӣ ба хуруҷ аз ин кишвар дар соли 2014 ҳастанд. Раисиҷумҳур Карзай низ борҳо Толибонро ба гуфтушунид даъват кардааст. Аммо баъд аз кушта шудани Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон аз тарафи шахсе, ки худро қосиди сулҳи Толибон муаррифӣ мекард, ин ҳама талош бо мушкил рӯбарӯ шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG