Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маросими видоъ бо Ким Чен Ир хотима ёфт


Маросими видоъ бо Ким Чен Ир

Маросими видоъ бо Ким Чен Ир

Имрӯз даҳҳо ҳазор нафар дар рӯзи дуюми видоъ бо раҳбари фақиди Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир ширкат варзиданд. Дар майдони марказии шаҳри Пхенян тахминан 100 ҳазор мансабдори давлатӣ, афсарони низомӣ ва сокинони одии ин кишвар бо либоси сиёҳ дар тан ҳузур доштанд.
Ким Ён Нам раиси президиуми Шӯрои Олии Мардумии Кореяи Шимолӣ бо ишора ба интиқоли қудрат дар ин кишвар гуфт:
“Рафиқи бузурги мо Ким Чен Ир масъалаи интиқоли қудратро хеле дақиқ ҳаллу фасл намуд. Ин бузургтарин дастоварди кишвари мо баҳри таъмини рушди бепоёни некӯаҳволии наслҳои оянда аст.”
Ким Чен Ир 17-уми декабр дар синни 69 солагӣ ба ҳалокат расид. Ким Чен Ун, ки яке аз се писари Ким Чен Ир мебошад, зимоми ҳукуматдории Кореяи Шимолиро ба даст гирифтааст.
Дар поёни маросим дар саросари Кореяи Шимолӣ садои сиренаҳо баланд шуда, аз он огаҳӣ дод, ки мотами давлатӣ ба ёди Ким Чен Ир хотима ёфт.
XS
SM
MD
LG