Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори "террористон" дар Чин


Шинҷони Чин
Шинҷони Чин
Полиси вилояти мухтори Шинҷони Чин мегӯяд, дар як бархӯрди мусаллаҳона дар ин устони ғарбии кишвар ҳафт фарди муттаҳам бо “терроризм”-ро ба қатл расондааст. Ба қавли полис тирпарронӣ дар канори шаҳри таърихии Ҳотан замоне сар шуд, ки онҳо раҳоии ду гаравгонро оғоз намуданд.
Сухангӯи мақомоти Шинҷон хонум Ҳу Ҳанмин мегӯяд, гурӯҳи силоҳбадаст ду нафарро ба гарав гирифта, як афсари полисро маҷрӯҳ намуда буд. Ба гуфти номбурда дар ин амалиёт ҳамчунон чор нафар ҷароҳат бардошта, чор каси дигар ба ҳабс гирифта шуданд.
Ҳу илова кард, ки ҳам гурӯҳи гаравгонгир ва ҳам гаравгонҳо уйғур буданд. Дар ҳамин ҳол Дилшод Рашид-намояндаи Анҷумани ҷаҳонии уйғурҳо, мақарраш дар Олмон, иброз дошт, эътироз вақте шуруъ шуд, ки полис саъй намуд, гирдиҳамоии эътирозии уйғурҳоро пароканда кунад. Ин гурӯҳ, ки худро ҳомии истиқлоли уйғурҳо аз ҳукмронии Чин меномад, таъкид кардааст, ки шумораи қурбониҳо дар миёни уйғурҳо бештар будааст. Рашид афзуд, ки полис мехост телефонҳои мобили уйғурҳоро мусодира кунад.
Уйғурҳои мусулмон, ки 2000 сол инҷониб дар Шинҷон ба сар мебаранд, бар ин ақидаанд, ки муҳоҷирати рӯзафзуни намояндагони қабилаи Ҳони Чин ба ҳуввияти милливу мазҳабии онҳо таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG