Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти Чита - қаҳрамони филмҳои "Тарзан"


Чита – маймуни шимпанзее, ки солҳои 30 дар силсилаи филмҳои “Тарзан” нақш бозӣ карда буд, дар синни 80 аз иллати гурда даргузашт. Як маймунхонаи воқеъ дар аёлати Флоридаи Амрико, ки Чита дар инҷо аз солҳои 60 ба ин сӯ ба сар мебурд, хабар дод, ки “ситора”-и синамо рӯзи 24 декабр вафот кард. Кормандони ин муассиса мегӯянд, ки Чита дар солҳои поёни умраш расмкашӣ, тамошои футбол ва ҳам дидани хандаи мардумро дӯст медошт.
XS
SM
MD
LG