Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сониҳаи ҳавопаймо дар фурудгоҳи Ӯш


Як ҳавопаймо бо 82 мусофир дар фурудгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон дучори сониҳа шуд. Бар асари сониҳа ҳарду боли ҳавопаймо шикаст ва он ба коми оташ рафт. Вазири ҳолоти изтирории Қирғизистон Қуватбек Боронов гуфт, 31 мусофир ҷароҳат бардоштанд, вале танҳо 167 нафари онҳоро ба бемористон бурдаанд. Ҳавопаймои ТУ-134 аз Бишкек ба Ӯш парвоз мекард. Далели сониҳа ҳанӯз рӯшан нест. Вале ба гуфтаи мақомот, шояд тумани шадид низ дар ин ҳодиса таъсир доштааст. Фурудгоҳи Ӯш баъди сониҳа муваққатан баста шуд.
XS
SM
MD
LG