Пайвандҳои дастрасӣ

Ду кони нафти Афғонистонро ба Чин супурданд


Давлати Афғонистон бо ширкати нафти Чин қарордоде имзо кард, ки баҳрабардорӣ аз конҳои нафташро ба ҳадаф дошта, интизор меравад, дар 20 соли оянда ба ҷайби Кобул миллиардҳо доллар фоида биорад. Қарордод бо ширкати CNPC роҷеъ ба истихроҷ ва тасфияи нафт аз конҳои Сарипул ва Форёб нахустин қарордоди Кобул дар заминаи истихроҷи нафт дар даҳсолаҳои охир аст. Вазири маъодини Афғонистон Ваҳидуллоҳ Шаҳронӣ гуфт, кори амалӣ дар ин ду кон аз моҳи октябри соли оянда оғоз хоҳад ёфт. Чин қаблан ҷиҳати коркарди кони миси Айнак низ бо Кобул қарордод имзо карда буд. Истихроҷи маъдан аз ин кон бояд аз поёни соли 2014 оғоз шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG