Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқи муҳими аҳзоби умдаи Босния


Сулаймон Тиҳич

Сулаймон Тиҳич

Аҳзоби умдаи мусалмонону хорватҳо ва сербҳои Босния, бино ба хабарҳо, дар мавриди ташкили ҳукумати марказӣ тавофуқ кардаанд.
Сулаймон Тиҳич, раҳбари ҳизби сотсиал-демократи мусалмонҳои Босния гуфтааст, ки гурӯҳҳои сиёсӣ бар сари шеваи ташкили давлати марказӣ ба тавофуқ даст ёфтанд. Раҳбари сербҳо Милорад Додик ин тавофуқро ҳамчун пирӯзӣ ба хотири “гузашт ва ҳусни тафоҳум” истиқбол кард. Босния 14 моҳ боз наметавонист ба ташкили давлати марказӣ даст биёбад, ки ин монеъи ҳаракати кишвар ба сӯи ҳамоиш бо ИА ва узвияти НАТО шуд.
XS
SM
MD
LG