Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли боз ду сарроф дар шаҳри Хуҷанд


Шаби гузашта дар натиҷаи як ҳамла дар маҳаллаи Чоршанбебозори шаҳри Хуҷанд ду сарроф кушта шуданд. Мақомоти умури дохилаи Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ду сарроф дар назди манзили худ дучори ҳамла шудаанд. Хабарнигори Озодӣ дар Хуҷанд мегӯяд, ки мақомот аз ифшои ҳуввияти ин афрод ва ангезаҳои ҳамла ҳанӯз худдорӣ мекунанд. САДО Ба гуфтаи мақомот, саррофонро афроди ношинос бо силоҳи худкори Калашников куштаанд.
XS
SM
MD
LG