Пайвандҳои дастрасӣ

"Барқи Тоҷик" лимитро дар рӯзҳои ид мебардорад


Ширкати “Барқи Тоҷик” эълон кард, ки дар рӯзҳои таҷлил аз Соли нав – 31 декабр ва 1 январ- лимити барқро муваққатан мебардорад. Ин лимит дар Тоҷикистон дар ҳар фасли сармо аз моҳи октябр то апрели соли оянда ҷорӣ мешавад ва дар ин муддат ба манотиқи русто дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ медиҳанд. Бо вуҷуди ба кор даромадани нирӯгоҳи аввали Сангтӯда ва чанд нирӯгоҳи хурд дар солҳои охир Тоҷикистон то ҳол натавонистааст аз чанги буҳрони нирӯи барқ дар фасли сармо раҳо шавад. Умеди Душанбе ба сохтани нирӯгоҳи азими Роғун буд, вале барои сохтани он дастикам 2 миллиард доллар сармоя лозим аст, ки Тоҷикистон худ надорад.
XS
SM
MD
LG