Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози санҷиши навбатии имом-хатибҳои тоҷик


Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон ба санҷиши навбатии имом-хатибони масоҷид шурӯъ кардааст. Феълан дар Тоҷикистон ҳудуди 4 000 масҷиди марказиву ҷомеъ ва панҷвақта амал мекунад ва кумитаи дин, тибқи қонуни ахири дин, ҳаққ дорад, онҳоеро, ки аз санҷиш намегузаранд, сабукдӯш кунад. Аммо имом-хатиби як масҷид дар ноҳияи Рӯдакӣ ба Интерфакс гуфтааст, ки ин санҷиш як василаи барканории имомҳои барои мақомот номатлуб шудааст. Ба бовари Муллозоҳир Азимов, худи ӯро ба иллати даст кашидан аз қироати номаи Шӯрои Уламо алайҳи хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо барканор карданд. Аммо раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода ба Интерфакс гуфта, ки санҷиши имомҳо рабте ба моҷарои бархоста бо масҷиди Тӯраҷонзодаҳо надорад.
XS
SM
MD
LG