Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти Садовничий ва Руденко ба додгоҳи Хатлон


Садовничий ва Руденко дар додгоҳ (акс аз бойгонӣ)
Садовничий ва Руденко дар додгоҳ (акс аз бойгонӣ)
Халабонҳои ширкати “Ролкан” Владимир Садовничий ва Алексей Руденко аз додгоҳи вилояти Хатлон хостаанд, ки онҳоро сафед кунад. Ғулом Бобоев, вакили мудофеъи онҳо гуфт, ба ақидаи онҳо, ягон асосе барои маҳкум кардани халабонҳо вуҷуд надошт. Ду ҳавопаймои ширкати “Ролкан” ҳанӯз моҳи март дар роҳи бозгашт аз Афғонистон дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа боздошт шуд.Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 8 ноябр Садовничий ва Руденкоро бо ҷароими нақзи қоидаҳои парвоз, қасди қочоқ ва убури ғайриқонунии марз 8,5-солӣ ҳукми зиндон дод, ки боиси таниши тунде дар равобити Русияву Тоҷикистон шуд. Додгоҳи таҷдиди назар баъди ду ҳафта ҳукми халабонҳоро 6-солӣ коҳиш дода, бар асоси қонуни афв ҳардуро раҳо кард.
XS
SM
MD
LG