Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз имкон нахоҳад дод


Ҳайати фармондеҳии флоти 5-уми ИМА, ки дар халиҷи Форс мустақар аст, изҳор намуд, ба бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз аз сӯи Эрон ба хотири ҷилавгирӣ аз интиқоли нафт имкон нахоҳад дод.

Рӯзи сешанбе ноиби раисиҷумҳури Эрон Муҳаммад Ризо Раҳимӣ эълом дошт, ки дар сурати эъмоли таҳримҳои нав болои Эрон ҳукумат ин гулӯгоҳро мебандад. Имрӯз фармондеҳи нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии Эрон адмирал Ҳабибулло Сайёрӣ ҳам ин ҳушдори Теҳронро тайид кард.

Имкони ҷорӣ кардани таҳримҳои нав болои Эрон баъди он афзоиш ёфт, ки моҳи ноябр Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ дар гузориши худ аз характери низомӣ доштани барномаи ҳастаии Эрон ҳадс зад. Теҳрон ин гузоришро интиқод кард ва бори дигар эълом дошт, ки барномаи ҳастаии кишвар фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG