Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба истихроҷи нафти Афғонистон шурӯъ мекунад


Ҳукумати Афғонистон ва ширкати чиноии Сhina National Petroleum Corp. созиш дар бораи ҳамкориро имзо карданд. Бар пояи он, чиноиҳо ба истихроҷи нафт дар мавзеъҳои шимолии Сари Пул ва Фарёб шурӯъ мекунанд.

Вазири саноати кӯҳии Афғонистон Воҳидулло Шаҳронӣ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин нахустин қарордоди байнулмилалӣ оид ба истихроҷи нафт дар кишвар аст. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз як моҳ ширкати чиноӣ таҷҳизоти заруриро ба кишвар ворид мекунад ва кор амалан моҳи октябр шурӯъ хоҳад шуд. Воҳидулло Шаҳронӣ афзуд, ки "муддати қарордод барои 25 сол аст ва қимати ҳар бушка нафт дар вақти истихроҷ бар асоси қиммати нафти хом дар бозори байнулмилалӣ муҳосиба мешавад".

Аз ин пеш Афғонистону Чин дар мавриди коркарди кони бузурги мис дар мавзеъи Айноқи воқеъ дар ҷануби Кобул созиш ҳосил карда буданд. Коркарди кони мис охири соли 2014 шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG