Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Димишқ 750 тан аз боздоштшудаҳоро озод кард


Нозирони байнулмилалӣ дар шаҳри Ҳумс
Нозирони байнулмилалӣ дар шаҳри Ҳумс
Расонаҳои давлатии Сурия дар бораи аз маҳбасҳо раҳо шудани беш аз 750 нафаре хабар доданд, ки бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ боздошт шуда буданд. Раҳоии маҳбусон – яке аз шартҳои тарҳи Ҷомеъаи кишварҳои араб барои ҳалли мусолиматомези низоъ дар Сурия аст.

Имрӯз генерали судонӣ Муҳаммад Мустафо ал-Добӣ, раиси ҳайати нозирони Ҷомеъаи кишварҳои араб, аз ҳалли бӯҳрон дар Сурия изҳори хушбинӣ кард. Дар мусоҳиба бо хабаргузории Рейтер ӯ авзоъ дар шаҳри Ҳумс, маркази намоишҳои эътирозии алайҳи раисиҷумҳур Башор Асадро, “умедворкунанда” номид ва аммо афзуд, ки тафтиши иловагии ҳаводиси ин шаҳр зарур аст.

Нозирони Ҷомеъаи кишварҳои араб ду рӯз боз дар Ҳумсанд. Дирӯз сокинони Ҳумс нозиронро хуш истиқбол гирифтанд ва “Ба мо ҳимояти байнулмилалӣ зарур аст!” нидо мекарданд.

Ба иттилоъи СММ, дар ҷараёни намоишҳои эътирозӣ дар Сурия беш аз панҷ ҳазор нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG