Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба номи Афғонистону ба коми Тоҷикистон?


Пули "Дустӣ" миёни Тоҷикистон ва Афғонистон
Пули "Дустӣ" миёни Тоҷикистон ва Афғонистон

Вазорати иқтисоди Тоҷикистон иттилои расонаҳо дар бораи 2 миллион тонна маводи нафтӣ пурсидани ин кишвар аз Русияро такзиб кард.

Зайниддин Маҳмудов, сарвари шӯъбаи равобит бо кишварҳои ИДМ-и вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, талаботи кишвар дар ҳоли ҳозир камтар аз 1 миллион тонна маводи нафтиро ташкил мекунад ва ҷумҳурӣ аз касе дархости кӯмак накардааст.

Ин мақоми тоҷик гуфт, айбномаҳо дар бораи содироти дубора ё худ реэкспорти бензин аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳам асосе надорад: «Ҷониби Русия эълом дошта буд, ки шумо реэкспорт - дигарбора содир мекунед. Ҳатто дар ҳамон давраҳое, ки маводи нафтӣ арзон буд, қимати он дар Афғонистон дар қиёс бо мо 20 -25 дарсад арзон буд.»

Зайниддин Маҳмудов афзуд, Афғонистон бар асоси тааҳудоти байнулмилалӣ умдатан аз Қазоқистон бо нархи аслӣ ва бидуни боҷи гумрукӣ маводи нафтӣ ворид мекунад. Сабаби дигари арзонии маводи нафтӣ дар Афғонистон, ба қавли Маҳмудов, дар ҳаҷми бузург харидорӣ кардани он будааст, ки тахфифи хуб ҳам дорад. Вай афзуд, Афғонистон дар оғози сол ва бо ҳамон нархҳои ҷорӣ маблағи ҳаҷми солонаи маводи нафтиро пешпардохт мекунад ва ин нархҳо то анҷоми сол тағйир намеёбанд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00
Линки мустақим


Сарусадоҳо дар бораи дигарбора содир шудани маводи нафтӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳолест, ки қарор аст рӯзҳои наздик дар Маскав ҳайатҳои Русияву Тоҷикистон тавозуни индикативӣ ё худ ҳаҷми содироти сӯзишвории нафтӣ барои Тоҷикистонро баррасӣ кунанд. Яке аз далоили боло бурдани боҷи гумрукӣ барои маводи нафтӣ аз сӯи Русия ҳам, дар оғоз дигарбора содир шудани молаш ба Афғонистон аз сӯи ширкатҳои тоҷикӣ будааст.

Аммо Аҳмад Валӣ, яке аз тоҷирони афғон, ки бо тиҷорати маводи сӯхт машғул аст, мегӯяд, ширкатҳои тоҷикӣ дар содироти маводи нафтӣ ба Афғонистон саҳме надоранд: «Танҳо ширкатҳои афғонӣ имтиёз доранд. Ширкатҳои хориҷӣ наметавонанд мустақим ба Афғонистон маводи сӯхт содир кунанд. Ҳамааш бояд ба Афғонистон равад. Тоҷикон ҳам дар ин тиҷорат ҳастанд, аммо на барои Тоҷикистон, балки барои Афғонистон содир мекунанд

Ба қавли Аҳмад Валӣ, то баста шудани роҳи оҳани Тирмиз -Қӯрғонтеппа, маводи нафтӣ асосан тариқи пули Панҷи Поён – Шерхон - Бандар интиқол меёфт, зеро пули Тирмиз -Ҳайратон ҳамеша бандубори зиёд дошт ва ҳам тариқи Тоҷикистон интиқоли маводи нафтӣ соддатар буд.

Ба қавли ӯ, Узбакистон тавассути масдуд кардани роҳи оҳани Тирмиз - Қӯрғонтеппа ҳамчунин нигарониеро низ дорад, ки маводи нафтии арзон ба номи Афғонистону ба коми Тоҷикистон хоҳад рафт ва боло рафтани қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, ҳатто барои тоҷирони афғон манбаи хуби даромад аст.

Коршиносон мегӯянд, дар гузаштаи начандон дур Тоҷикистон барои нерӯҳои Эътилофи Шимол, ки алайҳи ҳукумати Толибон меҷангид, маводи нафтиро ба Афғонистон дигарбора содир мекард ва ин вазъ то сари кор омадани ҳукумати нави ин кишвар идома дошт. Ҳоло Афғонистон умдатан аз Қазоқистону Туркманистон маводи нафт ворид мекунад.
XS
SM
MD
LG