Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар асари садамаи ҳавопаймо дар Ӯш 26 нафар осеб диданд


Бар асари садамаи ҳавопаймои ТУ-134-и ширкати “Қирғизистон” дар фурудгоҳи шаҳри Ӯш 26 нафар осеб дидаанд. Вазорати ҳифзи сиҳати Қирғизистон хабар дод, ки ба бештари осебддагон дар фурудгоҳ кӯмак расонида шуд, 12 нафар, аз ҷумла, ҳафт кӯдак, ба бемористон интиқол ёфтанд. Хабаргузории Интерфакс бо такя ба хадамоти “ёрии таъҷили”-и шаҳри Ӯш иттилоъ дод, ки вазъи яке аз мусофирон – духтари 19-сола вазнин аст.

Тафтиши сабабҳои садамаи ҳавопаймои хатсайри Бишкек-Ӯш шурӯъ шудааст. Бар пояи иттилои пешакӣ,ҳангоми фуруд омадан бар асари барф ва ҳавои абрӣ ҳавопаймо аз майдони парвоз берун шуда оташ гирифт ва аммо оташ зуд хомӯш карда шуд.
XS
SM
MD
LG