Пайвандҳои дастрасӣ

СММ мегӯяд, ки дастрасӣ ба захоири арзони энержӣ ва баҳрабардорӣ аз он, ба рушди устувори башар мусоидат мекунад.

Дар ҳоле Бан Ки-мун, дабири кулли Созмони Милал 2012-ро "Соли энержии дастрас барои ҳама» эълон доштааст, холаи Дилафрӯз, ки дар маркази пойтахти Тоҷикистон ба сар мебарад, мегӯяд, ки ғизои хонаводаашро бинобар камбуди барқ ду моҳ мешавад дар оташдони бобоӣ мепазад.

Холаи Дилафрӯз яке аз 1 миллиарду 400 миллион сокини рӯи замин аст, ки бино ба изҳороти Созмони Милал, аз нерӯи барқ ва абзори муосири хӯрокпазӣ бенасибанд.

Вай мегӯяд, ки бо пайдо шудани барқ, хӯроку чойро дар пилтаи русии «Мечта», ки куҳнаву хатарнок аст, мепазад, вале чун барқ хомӯш шавад, боз оташдонашро рӯшан мекунад: «Ҳоло дар хонаҳои мо барқ нест, барои ҳамин фақат оташдонамонро истифода мекунем.»

Тоҷикистон ба унвони кишвари дорои захираи арзони нерӯи барқ тақрибан 20 сол мешавад, ки дар фасли сармо ба бӯҳрони энергетикӣ рӯ ба рӯ мегардад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, таъкид мекунад, ки танҳо дар сурати баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи «Роғун» ва барномаҳои муҳими дигари энергетикӣ, мешавад кишварро аз бӯҳрони бебарқӣ раҳо кард.

Баҳодур Солиев, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки пилтаҳои барқӣ ҳам мушкили мардумро ҳал намекунанд, зеро қувваи барқ хеле заъиф аст: «Ба манзилҳои зист барқи 200-волта қариб, ки нест, қувва бисёр кам аст, пилтаҳои арзони мо тавони пухтани хӯрокро надорад. Аввал дар ошдон нимпаз мекунем, баъд дар пилта мепазем. Пилтаи электрикӣ қариб, ки ба кор намеояд.»

Вазорати энергетика ва рушди саноати Тоҷикистон мегӯяд, ки тайи як даҳсолаи ахир истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон аз 15 миллиард киловатти замони Шӯравӣ ба 17,5 миллиард расидааст. Нерӯгоҳи "Помир-1" бо иқтидори 14 мегаватт ва Сангтӯда-1 бо тавоноии 600 мегаватт низ фаъол шуданд. Ҳамчунин дар ҳоле, ки корхонаҳои саноатии бузурги фаъол дар замони Шӯравӣ низ аз кор мондаанд ё қисман фаъоланд, маълум нест, чаро кишвар наметавонад, худро аз барқ таъмин намояд.

Ин ҳолат шиорҳои бунёди нерӯгоҳи Роғунро ҳамчун ягона ҳалли мумкини мушкил нгиз зери суол бурдааст. Хусусан ки Бонки ҷаҳонӣ низ гуфтааст, набояд дар сохтмони он шитоб кард. Ҳамаи ин шиори нави Созмони Милалро, ки соли 2012 ҳама аҳолии ҷаҳон аз энержӣ таъмин хоҳад шуд. барои холаи Дилафрӯз ва ҳазорон шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба орзуи дурдасти ояндаи дурахшон табдил додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG