Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Пхенян, пойтахти Кореяи Шимолӣ, маросими сесоатаи дафни раҳбари пешини кишвар Ким Чен Ир анҷом ёфт. Дар ин бора як намояндаи расмии ношинос ба даҳҳо нафари дар майдони канори кохи Кимсусен ҷамъомада хабар дод. Мақбараи поягузори давлати Кореяи Шимолӣ Ким Ин Сен дар ҳамин майдон ҷойгир аст.

Cубҳи рӯзи чаҳоршанбе дар хиёбонҳои пурбарфи Пхенян ҳазорон нафар ҷамъ омада бо нолаву шеван тобут бо ҷасади Ким Чен Ирро гусел намуданд.

Ким Чен Ир 17 сол сарварии Кореяи Шимолиро бар ӯҳда дошт. Ба комиссиюни дафн писари хурдии раҳбари пешин Ким Чен Ин раҳбарӣ мекард.Расонаҳои чопи Пхенян аз ӯ чун раҳбари ҳизби ҳукмрон ва фармондеҳи олӣ ном мебаранд ва аммо маълум нест, ки Ким Чен Ин ҳама қудратро дар кишвар соҳиб хоҳад шуд ё не.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG