Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи фавқулодда дар Жанаозен тамдид мешавад


Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон вазъи фавқулодда баъд аз 5 январи соли оянда ҳам боқӣ хоҳад монд.

Дар ин бора раиси комиссиюни ҳукуматии тафтиши ҳаводиси Жанозен Умурзоқ Шукеев хабар дод ва аммо дар бораи боз чанд муддат тамдид шудани вазъи фавқулодда чизе нагуфт. Бо амри раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев аз 17 декабри соли равон то 5 январи соли 2012 дар Жаназоен вазъи фавқулодда ва қуюди шабгардӣ эълон шудааст.

Нахуствазири Қазоқистон Карим Масимов дар нишасти имрӯзаи ҳукумат дастур дод, ки мавзӯъи ҷуброни хисороти бар асари беназмиҳо дидаи тоҷирони Жанаозен ҳарчӣ зудтар ҳал шавад.

Ба асари бенизомиҳо дар Жанаозен 16 нафар кушта ва беш аз сад тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бенизомиҳо чун паёмади коршикании чандмоҳаи кормандони ширкати нафт ба хотири боло бурдани ҳаққулзаҳматашон арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG