Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи Ҳуснӣ Муборак аз сар гирифта мешавад


Ҷонибдорони Муборак дар назди додгоҳ ҷамъ омаданд

Ҷонибдорони Муборак дар назди додгоҳ ҷамъ омаданд

Имрӯз дар Қоҳира, баъд аз танаффуси семоҳа, мурофиаи додгоҳии раисиҷумҳури пешини Миср Ҳуснӣ Муборак аз сар гирифта мешавад. Бозрасӣ баъд аз он мутафаққиф шуда буд, ки вакилони дифоъ ба додрас Аҳмад Рифъат изҳори нобоварӣ карда талаб намуданд, ки ӯ иваз карда шавад. Ин дархост рӯзи 7 декабр рад карда шуд.

Барои таъмини тартибот дар атрофи додгоҳ беш аз панҷ ҳазор кормандони полис сафарбар шудаанд.

Ҳуснӣ Муборак, ки дар яке аз бемористонҳои низомии Қоҳира таҳти назорат қарор дорад, дар даст доштан дар ҳалокати тақрибан 850 нафар замони эътирозҳои оммавӣ дар моҳи феврали соли равон ва ҳамчунин фасод айбдор мешавад. Агар ин иттиҳом тайид шавад, ба раҳбари пешини Миср ҳукми эъдом таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG