Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати нави Қирғизистон савганд ёд кард


Омурбек Бабанов, нахуствазири нави Қирғизистон
Омурбек Бабанов, нахуствазири нави Қирғизистон
Имрӯз ҳайати нави ҳукумати Қирғизистон таҳти раҳбарии нахуствазир Омурбек Бабанов савганд ёд кард. Кобинаи нави иборат аз се муовини сарвазир, 15 вазир, раҳбарони 8 Оҷонс ва ду кумитаи давлатӣ аз намояндагони ҳизбҳои “Ота Макон”, “Ору Номус”, сотсиал-демократӣ ва “Республика” ташкил шудааст.

Зимни суханронӣ дар парлумон раисиҷумҳур Алмосбек Отамбоев таъмини амнияти энерҷии кишварро аз вазифаҳои аслии ҳукумати нав номид. Ӯ таъкид кард, ки мардум набояд аз барқ маҳрум монанд. Сарвари Қирғизитсон ҳамчунин изҳор намуд, ки дар кишвар барои истифодаи дохилӣ ба таври кофӣ нафт мавҷуд аст ва бояд истихроҷи он ба роҳ монда шавад.

Дар ҳукумати нави Қирғизистон як тоҷик ҳам ҳаст – Равшан Собиров раҳбарии вазорати рушди иҷтимоии Қирғизистонро бар ӯҳда хоҳад дошт.Равшан Собиров 41 сол дорад ва раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ аст.
XS
SM
MD
LG