Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сокинони Кореяи Шимолӣ бо Ким Чен Ир видоъ мекунанд


Дар Кореяи Шимолӣ маросими дурӯзаи дафни раҳбари пешини кишвар Ким Чен Ир идома дорад. Аз субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар хиёбонҳои пурбарфи Пхенян ҳазорон нафар ҷамъ омада бо нолаву шеван тобут бо ҷасади Ким Чен Ирро гусел карданд. Аз ин маросим телевизиони давлатӣ гузориши мустақим нашр кард.

Ба навиштаи бархе хабаргузориҳо, қарор аст, ки рӯзи панҷшанбе ҷасади Ким Чен Ир дар мақбара дар паҳлӯи падараш Ким Ир Сен гузошта шавад. Дар маросими дафн ҳайатҳои кишварҳои хориҷӣ ширкат нахоҳад кард.

Ким Чен Ир 17 сол сарварии Кореяи Шимолиро бар ӯҳда дошт. Ба комиссиюни дафн писари хурдии раҳбари пешин Ким Чен Ин раҳбарӣ мекунанд. Расонаҳои чопи Пхенян аз ӯ чун раҳбари ҳизби ҳукмрон ва фармондеҳи оли артиш ном мебаранд ва аммо маълум нест, ки ӯ ҳама қудратро дар кишвар соҳиб хоҳад шуд ё не.
XS
SM
MD
LG