Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқи тоҷик: "Дар Соли нав лимит бекор мешавад"


Бинои ширкати "Барқи тоҷик"
Бинои ширкати "Барқи тоҷик"

Мардуми сартосари Тоҷикистон Соли нави мелодиро дар рӯшноӣ истиқбол хоҳанд кард.

Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки дар рӯзи 31-уми декабр ва нахустин рӯзи соли 2012, маҳдудияти барқрасонӣ ба мардуми Тоҷикистонро аз байн бубарад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир сатҳи оби обанбори Норак 898 метрро ташкил мекунад ва имкони барқрасонӣ вуҷуд дорад. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир ҷараёни об дар рӯдхонаи Вахш дар як сония 210 метри мукаабро ташкил мекунад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00
Линки мустақим

Пештар гуфта мешуд, лағви реҷа барои муддати кӯтоҳ ва аз ҳисоби барқе сурат хоҳад гирифт, ки ба ширкати алюмини тоҷик -- Талко дода мешуд. Аммо шаҳрвандон шикоят мекунанд, ки реҷаи барқ имсол хориҷ аз ҳама гуна тартибу танзим аст ва дар аксари минтақаҳо барқ ба таври ногаҳонӣ дода ва ҳамон гуна ногаҳонӣ, умдатан пеш аз мӯҳлат қатъ мегардад.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон аз 12-уми октябри соли ҷорӣ маҳдудияти интиқоли барқро ҷорӣ карда буд ва тибқи ин реҷа, дар русто ва ноҳияҳои кишвар аз 6 то 10 соат дар шабонарӯз барқ дода мешуд. Ва танҳо дар пойтахт маҳдудияти барқрасонӣ роҳандозӣ нашудааст.

Ба гуфтаи коршиносон дар ҳоле, ки ширкати "Барқи тоҷик" имкон дорад тӯли ду рӯз маҳдудияти барқрасониро бекор кунад, метавонад, умуман маҳдудияти барқро ҷорӣ нанамояд. Зеро ба гуфтаи мақомоти ширкати "Барқи тоҷик", барқ мол нест, ки дар анбор нигоҳ дошта ва дар мавриди зарурӣ ба фурӯш бароварда шавад.

Ба гуфтаи коршиносон, масъалаи барқрасонӣ соли гузашта беҳтар аз имсол буд. Бо вуҷуди он, ки имсол нахустин агрегати нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" мавриди истифода қарор гирифт ва ба гуфтаи мақомот, дар соли ҷорӣ беш аз 25 нерӯгоҳи хурд мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон дар шаби фарорасии соли нави 2012 ҳавои бебарфу гармро пешгӯӣ мекунад. Анваршоҳ Ҳомидов, раиси ин марказ гуфт, ки шаби Соли нав танҳо дар шаҳри Хоруғ ва бархе аз навоҳии кӯҳистон барф меборад: «Рӯзҳои 30-31-уми декабр дар бархе аз ноҳияҳо каму беш барф меборад. Рӯзҳои якум ва дуюми январ бошад бебориш хоҳад буд. Шабона то 5 дараҷа сард ва рӯзона то 5 дараҷа гармӣ интизор аст. Рӯзи 30 ва 31-уми декабр дар Душанбешаҳр барф меборад, вале шабона бориши барф қатъ хоҳад шуд.»

Хушҳолии дигаре, ки дар арафаи Соли нав ва пас аз он мардум ба он рӯбарӯ хоҳанд шуд, ин ташкили ярмаркаҳои фурӯши маводи ғизоӣ аз сӯи мақомоти шаҳрдории Душанбе аст. Сар аз 28-уми декабр то якуми январи соли 2012 чунин ярмаркаҳо дар бозорҳои пойтахт ва Боғи фароғатии ба номи Айнӣ баргузор мешаванд.

Дар ин ярмаркаҳо як кило гӯшти гов 27 сомонӣ, гусфанд 28 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Қимати биринҷ аз 7 сомонӣ, картошка 1 сомониву 70 дирам, карам 1 сомониву 30 дирам, сабзӣ 1 сомонӣ ва тухми мурғ аз 65 дирам боло нест.
XS
SM
MD
LG