Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жанаозен. Гуфтаҳо ва ногуфтаҳо


Рӯзе, ки Жанаозен ба саҳнаи беназмиҳо табдил шуд, Асем Кенҷебоева бо амри тасодуф ба таҳхонаи шӯъбаи милисаи шаҳр уфтод.

Ӯ падараш Бозорбой Кенҷабоевро меҷӯст, ки барои аёдати яке аз пайвандонаш ба бемористон рафта бедарак шуда буд.

Хонум Кенҷебоева мегӯяд, ки ӯро кормандони полис тақрибан соати 10-и шаб дар назди бемористон боздошт карданд. Ӯ меафзояд, он вақт полис ҳар касеро, ки дар кӯчаву хиёбонҳо медид, дастгир мекард.

Ба гуфтаи хонум Кенҷабоева, ӯро ба таҳхонаи шӯъбаи полис оварданд ва он ҷо шоҳиди шиканҷаву лату кӯб ва таҳқири даҳҳо нафаре шуд, ки кормандони полис дар кӯчаву паскӯчаҳои Жанаозен боздошт карда буданд.

“Дар пеши чашми ман ҳодисаҳои ваҳшатнок рӯй медоданд, дар таҳхона одамон зиёд буданд ва ман чеҳраи онҳоро пурра намедидам, зеро он ҷо торик буд. Дар пеши ман панҷ ё шаш духтарак нишаста буданд. Онҳо бараҳна буданд ва кормандони пулис онҳоро маҷбур карданд, ки аз ҷой бархезанд. Одамони ниқобпӯш ба зонуву миёни онҳо бо калтак мезаданд”, мегӯяд Кенҷабоева.

Асем меафзояд, ки баъдан мардони ниқобпӯш ин духтаронро аз мӯйҳояшон кашида ба хонаи дигар бурданд ва аз он ҷо садои доду фиғони духтарон баланд шуд. Ӯ ҳадс мезанад, ки ниқобпӯшон ба номуси он духтарон таҷовуз карданд.

Хонум Кенҷабоева мегӯяд, “ба гирди миёнам заданд ва маро бӯғӣ карданд. Як шахси ниқобпӯш ҳангоми даромаданам аз ман суоле кард ва ман "ҳа" ҷавоб гуфтам ва аз он ҳарос доштам, ки маро ҳам бараҳна мекунанд. Яке аз ниқобпӯшон ба дигараш гуфт, ки маро боло баранд. Маро ба хонаи пурсуҷӯ оварданд. Медонистам, ки агар маро дубора ба таҳхона баранд, аз он ҷо халос шуданам мушкил хоҳад шуд. Аз ин рӯ, аз сардори шӯъба батакрор илтиҷо намудам, ки раҳоям кунад. Тақрибан соати 4-и шаб ӯ маро озод кард."

Он чӣ ки Асем Кенҷабоеваи 21-сола дар таҳхона шоҳидаш буд, баъдан ӯро водор сохт, ки аз мақомоти маҳаллӣ талаб намояд то ӯро ба комиссиюни ҷамъиятии тафтиши амалкарди полис зимни саркӯбсозии нооромиҳо шомил кунанд. Асен, ки бадрафтории кормандони полисро бо чашми худ дида буд, бештар аз он нороҳат шуд, ки раёсати полис мехост ин ҷиноятро махфӣ нигаҳ дорад. Баъди тақрибан як ҳафтаи нооромиҳо, ӯ ҳамроҳ бо дигар аъзои комиссиюн аз ин таҳхона дидан кард.

Ӯ мегӯяд, "вақте, ки ба мо таҳхонаро нишон доданд, ман қариб аз ҳуш рафтам. Гӯё он чӣ, ки ман дидам, як хоби ваҳшатноке буду бас. Таҳхона комилан пок шуда буд ва бинои бемористонро мемонд. Вале ман медонам, ки он рӯз он ҷо хун мерехт. Аҷиб, сарнавишти он одамони боздоштшуда – занону духтарони ҷавон ва наврасон чӣ шуда бошад. Дар он ҷо одамони кӯҳансол ҳам буданд. Агар онҳо кушта шудаанд, чаро ҷасадҳояшонро ба хонаводаҳояшон намедиҳанд?"


Ду рӯз баъд аз нооромиҳо, рӯзи 18 декабр, падари Асем аз сӯи кормандони полис шадидан лату кӯб шуд. Пирамард баъди раҳоӣ гуфт, ки ӯро боздошт карда ҳамроҳ бо чанд нафари дигар дар гаражи раёсати полис нигаҳ доштанд.

Падари Асем, ягона саробони хонавода, бар асари ҷароҳатҳо дар бемористони Жанаозен аз олам даргузашт. Ягона тасалло барои аҳли хонавода ин аст, ки онҳо аз ҳодисаи ба сари падарашон омада бохабаранд ва тавонистанд, ки ӯро гӯру чӯб кунанд.

Ва аммо сокинони зиёди Жанаозен то ҳанӯз пайвандони баъди нооромиҳо ғайбзадаашонро суроғу пай мекунанд. Кенҷабоева мегӯяд, ки даҳҳо нафар то ҳанӯз наздикони худро дар сардхонаву бемористон меҷӯянд ва аммо нишоне аз онҳо пайдо намекунанд. Ин хонуми қазоқ ҳукумат ва аъзои комиссиюнро дар талоши пинҳон кардани ҷиноятҳои кормандони полис замони беназмиҳо айбдор мекунад. Мақомоти Жанаозен бошанд ҳама иттиҳоми шиканҷаву хушунат аз сӯи кормандони полисро рад мекунад.

Бар пояи иттилои расмӣ, бар асари беназмиҳо дар Жанаозен 16 нафар ба ҳалокат расидаанд. Вале сокинони маҳаллӣ мутмаинанд, ки теъдоди қурбониён хело бештар аст ва мақомот арқоми аслиро махфӣ нигаҳ медоранд.

Куштор дар Жанаозен чӣ гуна рух дод?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG