Пайвандҳои дастрасӣ

Видоъ бо Ким Чен Ир. Писар "мерос"-и падар бурд


Ким Чен Ир бо писараш.

Ким Чен Ир бо писараш.

Имрӯз дар Пхенян – пойтахти Кореяи шимолӣ, маросими дафни Ким Чен Ир барпо мешавад.

Ким Чен Ир 17 сол бар ин бастатарин низоми коммунистии дунё ҳукумат ронд. Давлати ӯ бо нақзи ҳуқуқи башар шӯҳрат дошт ва ҳамсояҳояш дар минтақа ва ҷомиаи байналмилалиро бо барномаи пуриддаои ҳастаӣ ва озмоиши мушакҳои дурпарвозаш метарсонд.

Ӯ соли 1994, баъди даргузашти падараш Ким Ир Сен, ки аз соли 1945, тайи қариб ним аср раҳбари Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея буд, ба раёсат расид ва акнун, бо даргузашти ӯ дар синни 70, курсии раёсати ин кишвари фақир, вале хеле ба худ мутмаину мағрурро зоҳиран писари ҷавони ӯ Ким Чен Ун ба даст мегирад. Ким Чен Ир, бино ба манобеъи русӣ, соли 1941 дар рустое дар вилояти Хабаровски Русия, вале бино ба манобеъи расмии Пхенян, соли 1942 дар як урдугоҳи чирикҳо дар Корея ба дунё омадааст.


Аммо Ким Ир Сен соли 1991 писарашро фармондеҳи артиш таъйин кард ва бо ин иқдом ба атрофиёнаш ишора кард, ки маҳз Ким Чен Ирро мехоҳад ҷойгузини худ бубинад.

Ӯ соли 1994, баъди фавти падараш, дар замоне ба қудрат расид, ки Кореяи шимолӣ бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ – ҳомии асосии низомҳои коммунистии дунё – ҳамкори асосии тиҷориашро аз даст дода, дар як ҳоли буҳронӣ қарор дошт. Масрафоти ҳангуфт барои артиш ва сохтани таслиҳоти ҷадид ҷайби низомро чунон тиҳӣ карда буд, ки мардум дар Кореяи шимолӣ ҳатто оддитарин ашёи рӯзгор ва ғизои ҳаррӯзаи худро ба сахтӣ пайдо мекарданд.

Мардуми Кореяи шимолӣ аз даргузашти раҳбари худ ғамгинанд.

Мардуми Кореяи шимолӣ аз даргузашти раҳбари худ ғамгинанд.

Аммо Ким Чен Ир ба зудӣ қиблаи сиёсиашро аз Маскав ба сӯи Пекин гардонд ва ба гунаи мақомоти коммунистии Пекин ба иқтисоди бозорӣ дар кишвар равзанаҳое боз кард, вале на ба ҳадде ки ба амнияти низоми коммунистии сохтаи падараш таҳдид кунад.

Ӯ ба ғояҳои чучхе, ки Ким Ир Сен бо омезиши таълимоти марксизм-ленинизм бо ақидаҳои фалсафаи бостонии Корея эҷод карда буд, содиқ монд, масрафоти миёншикани низомиро мӯе кам накард, балки барномаи сохтани силоҳҳои ҳастаӣ ва мушакҳои дурпарвозро пеш гирифт, ки боиси инзивоъи бештари байналмилалии ӯву давлати ӯ шуд. Дар аҳди Ким Че Ир талошҳое барои оддӣ сохтани равобит бо Кореяи ҷанубӣ гирифта шуд, ки то ҳол натиҷаи чандоне надодааст.

Ким Чен Ир чанд дафъа дар ивази кумакҳои байналмилалӣ ба қатъи барномаҳои ҳастаияш низ азм нишон дод, вале ба маҳзи сарбастагии низоми ҳоким бар Кореяи шимолӣ хеле сахт аст гуфтан, ки оё таъқиби чунин барномаҳо қатъ шудааст ё хайр?

Дар Кореяи шимолӣ чун дар аксари низомҳои худкома нуфузи хонаводаи ҳоким ва ақрабои ӯ бар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар хеле барҷаста аст, ки намунаи аслиаш аз Ким Ир Сен ба писараш Ким Чен Ир ва инак, аз Ким Чен Ир ба писари ҷавони ӯ Ким Чен Ун гузаштани курсии аввали раҳбарист.

Ким Чен Ун писари дуввуми Ким Чен Ир аст. Ҳаққи валиаҳдии бародари калонии ӯ Ким Чен Нам, албатта, бештар буд, вале ӯ соли 2001 ҳангоми талоши вуруд ба Ҷопон бо шиносномаи ҷаълӣ ба даст афтод ва бо ҳамин бадном ва аз ҳаққи ворисии тахти падар маҳрум шуд. Худи ӯ мегуфт, ки фақат ба хотири тамошои “Диснейленд” қасди сафари Токио карда буд.

​Ким Чен Ун, бино ба бархе манобеъ, 28, ва бино ба манобеъи дигар, ҳамагӣ 26 сол дорад ва парвози босуръати ӯ ба арши қудрат дар Кореяи шимолӣ тақрибан аз соли гузашта оғоз ёфт. Ӯро акнун дар матбуот фармондеҳи артиш, раҳбари кумитаи марказии ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва ба гунаи падару бобояш, “доҳии маҳбуб” ва ҳатто “офтоби аср” ҳам ном мебаранд.

Аммо зоҳиран ин “офтоб” дастикам дар мароҳили аввал дар осмони сиёсати Кореяи шимолӣ ба танҳоӣ равшанӣ нахоҳад кард. Дар матбуот аз нуфузи фавқулоддаи Ким Кёнг Ҳу - хоҳари 64-солаи Ким Чен Ир ва шавҳари ӯ Чанг Сонг Тҳак дар умури сиёсиву давлатӣ зиёд сӯҳбат мекунанд.

Чанг Сонг Тҳак, ки як аккордеоннавози оддӣ буд, ба маҳзи издивоҷи “дуруст” бо духтари ҳокими вақт Ким Ир Сен карера сохт ва дар аҳди Ким Чен Ир амалан ба раҳбари дуввуми давлат ва “ҳокими паси парда” табдил ёфт. Ӯ яқинан кӯшиш хоҳад кард, ки бо кашидани қили Ким Чен Уни ҳанӯз хеле ҷавон ва камтаҷруба нуфузи худро дар саҳнаи Пхенян ҳифз ва ҳатто тақвият кунад. Аммо масъала ин аст, ки оё Ким Чен Ун чунин “ғамхории падарона”-и хешовандони ҳанӯз пурнуфузашро то кай таҳаммул хоҳад кард? Хусуан баъди онки тамъи раёсатро бичашад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG