Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон аз имкони бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳушдор дод


Муҳаммадризо Раҳимӣ

Муҳаммадризо Раҳимӣ

Ноиби аввали раисиҷумҳури Эрон ҳушдор дод, ки дар сурати эъмоли таҳримот рӯи содироти нафташ, Теҳрон роҳи ҳамлу нақли нафт аз халиҷи Форс тавассути гулӯгоҳи Ҳурмузро хоҳад баст. ИРНО аз қавли Муҳаммадризо Раҳимӣ овард, ки “Агар (Ғарб) содироти нафти Эронро таҳрим кунад, як қатра нафт ҳам аз Ҳурмуз нахоҳад гузашт.” Сеяки тамоми нафте, ки аз баҳр ба даст меояд, тавассути ҳамин гулӯгоҳ мегузарад ва Амрико ба хотири таъмини амнияти ҳамлу нақли нафт киштиҳои ҷангиашро мустақар кардааст. Танишҳо бар сари барномаи ҳастаии Эрон баъди гузориши рӯзи 8 ноябри Оҷонси ҳастаӣ, ки гуфт, Эрон зоҳиран рӯи сохтани бомб кор мекунад, шиддат гирифт. Эрон аммо ин иттиҳомро башиддат радд мекунад.
XS
SM
MD
LG