Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми зиндони ду чечен аз сӯи додгоҳи Маскав


Эгле Кусайте

Эгле Кусайте

Додгоҳи Маскав як марди чечен ва хоҳари ӯро бо ҷурми ҷалби бомбгузорони маргталаб ба анҷоми ҳамлаи террористии ду соли пеш дар пойтахти Русия ҳукми зиндон дод. Вакили мудофеъ Мӯсо Ҳадисов гуфт, дар ин мурофиаи пушти дарҳои баста Аптӣ Муҳаммадов ба 6 сол ва хоҳари ӯ Оишат ба 2 соли зиндон маҳкум шуданд. Ин афрод дар пайи боздошт ва бозпурсии Эгле Кусайте дар аввали соли ҷорӣ ба даст афтоданд. Ин хонуми литвонӣ, ки ба Ислом гароида, ба қасди анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ айбдор мешуд, баъдан изҳор дошт, ки алайҳи Муҳаммадовҳо таҳти фишор баёнот дода буд.
XS
SM
MD
LG