Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 749 мавриди зуком дар Тоҷикистон


Дар мавсими имсолаи сармо дар Тоҷикистон алакай 15 749 нафар гирифтори зуком шудаанд, ки назар ба соли қаблӣ 800 нафар бештар будааст. Наврӯз Ҷаъфаров, раиси идораи санитарии вазорати беҳдошти Тоҷикистон ба “Азия Плюс” гуфтааст, имсол фақат як навъи зуком – гриппи Н3 мушоҳида шудааст, дар ҳоле ки соли гузашта дар кишвар 3 навъи грипп “сайр” мекард. Оқои Ҷаъфаров афзуда, ки имсол дар Тоҷикистон алакай 9 385 нафар ба бемории гепатит печидаанд, ки 80 дарсади онҳо кӯдакону наврасонанд. Наздики 9 000 нафар гирифтори гепатити А будаанд, ки табобатшаванда аст.
XS
SM
MD
LG