Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси зудраси содироти бензин дар Маскав


Ба зудӣ дар Маскав мавзӯъи ҳаҷми содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. Қарор аст, як ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик ба Маскав биравад. Манобеъи “Азия Плюс” гуфтаанд, ки Тоҷикистон барои соли оянда аз Русия 2 миллион тонна маҳсулоти нафтӣ хоста буд, ки Маскав напазируфт ва баъдан ин дархост то 1 миллион тонна поён оварда шуд. 90 дарсади маводи нафтиро Тоҷикистон маҳз аз Русия ворид мекунад, вале Маскав аз баҳори соли 2010 болои содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистон боҷу хироҷи ҳангуфти гумрукӣ эъмол кард, ки боиси башиддат боло рафтани нархи бензину дизел дар Тоҷикистон шуд.
XS
SM
MD
LG