Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори муовини раиси ҷумҳури Эрон ба Ғарб


Муҳаммад Ризо Ҳошимӣ, муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон, имрӯз ҳушдор дод, дар сурати таҳрими содироти нафти кишвараш, Эрон гӯлугоҳи Ҳурмуз як роҳи аслии содироти нафт ба бозорҳои ҷаҳониро мебандад. Муҳаммад Ризо Ҳошимӣ дар нишасте дар Теҳрон гуфт, “Агар Ғарб содироти нафти Эронро таҳрим кунад, як қатра нафт аз гулӯгоҳи Ҳурмуз убур нахоҳад кард”. Сеяки нафти нафти бозорҳои ҷаҳонӣ аз Халиҷи Форс аз тариқи тангнои Ҳурмуз ва аз наздики соҳилҳои Эрон мегузарад. Амрико ба хотири боз нигаҳ доштани ин гулӯгоҳ киштиҳои ҷангиашро дар Халиҷи Форс мустақар кардааст. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон саъй дорад, бомби атомӣ бисозад, аммо Теҳрон ин иддаъҳоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG